ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Мақомоти Чин мегӯянд, ҳамин ки ваксинҳои алайҳи коронавирус аз ҳамаи озмоишҳои клиникӣ мегузаранд ва натиҷаи таъсиррасонии онҳо дар қиболи ин беморӣ мусбат мебарояд, онҳоро ба тамоми ҷаҳон дастрас мекунанд.
Русия воксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст
Нашрияи "Жинмин Жибао" бо истинод ба суханони вазири илм ва технологияи Чин Ван Чжиган менависад, ки ҳоло ин кишвар панҷ навъи ваксинаҳоро аз COVID-19 таҳия карда истодааст, ки баъзеи онҳо аллакай дар ихтиёриён озмуда мешаванд.
"Дар қадами оянда, агар ваксинаи чинӣ барои истифода омода бошад, пас аз таҳия ва озмоишҳои клиникӣ, мо ӯҳдадориҳои кишвардори Чин Си Ҷинпинро дар Конфронси 73-юми Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷро хоҳем кард ва онро ҳамчун маҳсулоти оммавӣ барои тамоми ҷаҳон дастрас мегардонем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Вазири илм ва технология, таҳияи ваксина як амали хеле ҷиддӣ ва ниҳоят мураккаби илмӣ мебошад, ки вақти зиёдро талаб мекунад.
Қобили зикр аст, ки Русия аллакай барои ду доруи истеҳсоли ватанӣ аз Вазорати тандурустӣ расман иҷозатномаи истеҳсолро дастрас намуда буд.
Роспотребнадзор гуфт, сохтани ваксинаи ягона барои COVID-19 ғайриимкон аст
"Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира") ва "Авифавир" ду доруи зидди коронавирус мебошанд, ки пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифтанд.
Вазорат мегуяд, ин ду дору ба паҳншавии коронавирус дар бадани инсон халал мерасонанд.
Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.