ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Мақомоти кишвар эълон кардаанд, ки эпидемия дигар ба Чин таҳдид намекунад. Дар музофоти шимоливу шарқии Тсзилин низ маҳдудиятҳо бардошта мешаванд.
Якбора дар чанд шаҳри минтақа суръати нишондоди паҳншавии коронавирус паст шудааст.
Ҳамин тавр, дар Чин минтақае намондааст, ки дараҷаи таҳдиди паҳншавии COVID-19 баланд ё миёна бошад.
Ёдрас мешавем, охири моҳи март паҳншавии коронавирус дар Чин боз истод.
Дар авохири апрел мақомоти Чин гуфтанд, ки таҳдиди коронавирус дар кишвар пурра бартараф шудаву Чин ба корона пирӯз шудааст.
Аммо, аллакай дар миёнҳои моҳи май дар музофоти Тсзилин ва Вуҳан ҳолатҳои нави сирояти коронавирус тасдиқ шуданд ва ин боиси эълони дубораи карантини фарогир дар кишвар шуд.
Пандемияи коронавирус
Бурузи коронавирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии уфунати мудҳиш шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Эҳтимол, он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузашт.
Associated Press: Чин додани маълумот оид ба коронавирусро ба СҶБ рад кард
Вирус зуд аз шаҳр ва кишвар паҳн шуд. Дар натиҷа, 11 март СУТ коронавирусро пандемия эълон кард. Феълан дар саросари ҷаҳон наздики 7 миллион мубталои коронавирус ва 402,4 ҳазор қурбони он гаштанд.