Туркия санаи пешакии роҳандозии парвозҳоро бо Тоҷикистон эълон кард

Туркия тасмим дорад парвозҳои байналмилалиро дар якчанд марҳила бо фосилаи чанд рӯз бо дигар давлаҳо барқарор кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Туркия тасмим дорад ояндаи наздик алоқаи ҳавоӣ бо 92 кишварро барқарор кунад, хабар медиҳад шабакаи NTV бо истинод ба вазири нақлиёти Туркия Одил Қароисмоилоғлу.

Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қувайт ба Душанбе бо парвози махсус

Тибқи нақша, аз моҳи июн парвозҳо ба 40 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, тадриҷан анҷом дода мешавад.

Ба гуфти Қароисмоилоғлу,  дар марҳилаи аввал бо 15 кишвар оид ба кушодани мутақобилаи парвозҳои байналмилалӣ созишномаи пешакӣ ба имзо расидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барқарорсозии парвозҳо бо Тоҷикистон 15 июн ба нақша гирифта шудааст.

Номбурда гуфтааст, Туркия бо вазоратҳои тандурустӣ, корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва сайёҳии кишварҳо дар масъалаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ зич ҳамкорӣ мекунад.

Вазири нақлиёти Туркия инчунин илова кардааст, ки пас аз ворид шудан ба Туркия мусофирон ба қарантини 14-рӯза фаро гирифта хоҳанд шуд.

Аз хадамоти матбуоти фурудгоҳи Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо дар бораи изҳороти Вазири нақлиёти Туркия хабардор карда шудаанд, аммо дар айни замон барои барқарор кардани кор фармоише мавҷуд нашудааст.