Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Афғонистон теъдоди дардмандони коронавирус марзи 19 ҳазор нафарро убур кард

Дар Афғонистон ҳамакунун 19 551 ҳолати мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Афғонистон ба беш аз 19,5 ҳазор нафар расидаст, хабар медиҳад Tolo News бо такя ба маълумоти Вазорати беҳдоштӣ ин кишвар.

Коронавирус низомиёни Олмонро аз хоки Афғонистон берун кашид

Манбаъ меафзояд, дар Афғонистон аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ 327 нафар ҷон бохтанд ва 1,8 ҳазор мариз шифо ёфта аз дармонгоҳҳо аллакай мураххас шудаанд.

"Шабонарӯзи ахир 582 ҳолати нави мубталошавӣ ба ин беморӣ сабт гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

Гузашта аз ин, давоми як рӯз 18 бемори вируси COVID - 19 дар манотиқҳои гуногуни Афғонистон ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус ба Афғонистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардид. Дар Эрон давоми ду рӯз мешавад, ки теъдоди гирифторони ин вирус беш аз 2 ҳазор маврид сабт мегардад.

ҶИЭ аллакай беш аз 8 ҳазор маризро аз даст дод.