ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тибқи иттиллои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 12 шаҳрванди кишвар, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Қувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ба Душанбе расиданд.
Ба иттилои манбаъ парвози махсус тариқи ширкати ҳавопаймоии ҷониби Қувайт сурат гирифта, шаҳрвандони шоми гузашта вориди Душанбе шудаанд
Ёдовар мешавем, дар пайи буҳрони коронавирус, куллӣ кишварҳо парвозҳои мустақимро муваққатан баста, танҳо парвозҳои махсусро доир мекунанд.
Аз мамолики дигари арабӣ аз қабили Дубай ва Амороти муттаҳидаи Араб шаҳрвандон тариқи ду парвози махсуси “Сомон Эйр” ба ватан баргашта буданд.
Ҳамчунин тайи як моҳи ахир шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, Украина, ИМА, Туркия ва Ҳиндустон баргардонида шуда буданд.
Санаи 2 июн низ 237 шаҳрванди кишвар аз гузаргоҳи "Жибек Жоли"-и байни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ду кишвари мазкур ва мусоидати сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Ба иттилои вазорат дар сарҳади Қазоқистон ва Ӯзбекистон боз 30 нафари дигар гирд омадаанд, ки барои интиқоли онҳо чораандешӣ мешавад.