ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, санаи 3 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Д.А боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда маълумоти нодуруст дар бораи гӯё амалӣ гардидани парвози ҳавопаймоҳо дар самти Душанбе-Москва-Душанбе интишор мекард ва ҳамчунин, бо нархҳои гарон билети ҳавопаймо мефурӯхт.
Манбаъ мегӯяд, айни замон нисбат ба ҳолати мазкур тафтишоти мақомоти дахлдори Россия идома дорад.
Сафорат бори дигар ба ҳамватанон ҷиддан тавсия додааст, ки аз харидории билетҳои ҳавопаймо аз шахсони шубҳанок худдорӣ намоянд.
"Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерӣ ва ё барқарор шудани хатсайри мунтазами ҳавопаймоҳо, инчунин боз гардидани сарҳадҳо ҷиҳати рафту омади шаҳрвандон, Сафорат тавассути зарфиятҳои интернетии худ ҳамватанонро огоҳ хоҳад кард",-афзудааст сафорат.
Ин намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони кишвар гуфтааст, ҳамчунин аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.