Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Боз авҷ гирифт: сабти беш аз 2 ҳазор ҳолати нави COVID -19 дар Эрон давоми як рӯз

Дар Эрон пас аз коҳиш ёфтани мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус, чанд рӯзи ахир мубталошавӣ ба ин беморӣ якбора боло рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Эрон 2886 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад намояндаи расмии Вазорати беҳдошт Киёнуш Ҷаҳонпур.

Шифои 119 ҳазор нафар аз коронавирус дар Эрон

Ба иттилои ӯ, аллакай рӯзи дуюм аст, ки теъдоди ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар як рӯз наздик ба 3 ҳазор мерасанд.

Ҳукумати Эрон рӯзи панҷшанбе аз сабти рекордии ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID -19 хабар дода буданд. Дар ин рӯз, дар сартосари Эрон 3574 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба вирус сабт гардида буд.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

Сипас ду рӯзи ахир? ин рақам рӯ ба коҳишёбӣ ниҳод,  аммо ҳамоно ба фарқ аз ҳафтаҳои қаблӣ ба маротиб зиёд аст.

Ҷаҳонпур шумораи умумии дардмандон дар Эронро ба 169 425 нафар арзёбӣ кард. Ҳамчунин теъдоди шифоёфтагонро 132 ҳазор нафар гуфт.

Бар тибқи иттилои намояндаи расмии вазорат, Эрон аз авоили бурузи ин маризӣ 8 209 беморро аз даст дод.