Боди харобкор чанд деҳоти Хатлонро бебарқ гузошт

Деҳаҳои Бадахшон ва Деҳқонободи вилояти Хатлон бар асари вазиши боди шадид, аз дирӯз ба ин сӯ бебарқ монданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон аз хисороти боби шадид, ки бегоҳи дирӯз вазида буд, хабар медиҳад.

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5-уми июн тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати Ҷиликӯл, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв чаппа шуд ва сокинонро аз қувваи барқ маҳрум намуд.

Ҳамчунин сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва низ бебарқ монданд. Боди шадид 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа намуд.

Манбаъ меафзояд, айни замон дар ин ҷамоатҳо аз тарафи хадамоти энергетикии ноҳия ва вилоят корҳои барқароркунӣ идома дорад ва қарор аст дар наздиктарин фурсад ҳолати ба амаломада пурра бартараф ва интиқоли қувваи барқ аз сар гирифта шавад.