Қарантинаи маъмулии усто Аҳмадҷон: чиҳил сол боз аз гаҳвора рӯзӣ дармеёбад

Рӯзҳои дар хона мондан, ҳоло барои бисёриҳо таътили пешгирӣ аз вируси корона арзёбӣ мешавад, аммо усто Аҳмадҷон ба фарқ аз дигарон ин рӯзҳоро ба мисли қабл аз шуюъи вазъ барои худ муқаррарӣ меҳисобад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Аҳмадҷон Пулотов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки ҳунари гаҳворасозӣ барояш меросӣ буда, чиҳил сол муқаддам замоне, ки кӯдаки мактабхон буд, ин касбро аз падараш омӯхтааст. Усто Бобоҷон падари ӯ, низ дар айни наврасӣ ба ҳунармандӣ шавқ дошт ва дар коргоҳи дуредгарии бобояш бузург шудааст.

 

Қарантинаи маъмулии усто Аҳмадҷон: чиҳил сол боз аз гаҳвора рӯзӣ дармеёбад

Коргоҳе, ки ҳоло усто Аҳмадҷон ҳамроҳи фарзандонаш, дар сохтани гаҳвора ва дару тирезаҳо аз он фаровон истифода мекунанд молест, ки аз гузаштагони худ ба мерос расидааст.

“Зиндагии бобову падарам бо устогӣ (дуредгарӣ) сипарӣ шудааст. Ман дар оилаи фарзанди калон будам ва бештар аз бародаронам ба ин кор шавқ пайдо кардам. Устохонаи дередгарии падарам дар хона, ҷойи дӯстдоштаи ман буд. Ҳанӯз ёд дорам, ки баъди итмоми дарсҳои мактабӣ мо чи гуна аз пасмондаи тахтаҳо модели самолёт ё киштиҳо месохтем. Ин ҳама шавқи моро барои ҳунармандшавӣ афзун менамуд ”, - гуфт ҳунарманди дуредгар.

Бештар аз чиҳил сол аст, ки ӯ дар хонааш ба гаҳворасозӣ машғул буда, ғолибан аз ҳамин роҳ, барои хонаводааш рӯзии ҳалол ба даст меорад. 

Усто Аҳмадҷон дар суҳбат бо мо гуфт, ки шуғли гаҳворасозӣ тӯли ин солҳо ба як бахши умдаи кору зиндагиаш табдил ёфтааст. Падароне, ки тоза соҳиби фарзанд мешаванд ва волидайне, ки унвони бобоиро дармеёбанд зуд ба суроғи хонааш рафта, гаҳвораҳои сохтаи ӯро хариддорӣ мекунанд. Дар бозор ҳам ҳаводорони ин ҳунараш зиёданд.

 

Қарантинаи маъмулии усто Аҳмадҷон: чиҳил сол боз аз гаҳвора рӯзӣ дармеёбад

Гаҳвора манзили кӯдакон аст, онро бояд хубу зебо сохт 

Ин устои дуредгар мегуяд, гаҳвора мисли як мӯъҷиза аст, ки дар он кӯдак тарбия меёбад, яъне онро мешавад иморати атфол номид. Аммо барои он, ки ин иморат барои соҳибонаш мақбул бошад, онро бо муҳаббат сохт, то аз он ҳама ороишоти хона, кӯдакон ҳаловат баранду осуда хоб кунанд.

“Як гаҳвора дар оила чанд кӯдакро ба воя мерасонад. Албатта ин, аз тарзи сохтумону ороишоти он вобаста аст. Ҳама дар бозор гаҳвораи зебову хушсохтро харидан мехоҳанд, зеро кӯдак аз рангҳои зиёди гаҳвора барои худ баҳра мебардорад”, - зикр мекунад, гаҳворасоз.

Усто Аҳмадҷон таъкид меварзад, ки барои сохтумони як гаҳвора то як ҳафта заҳмат мекашад. Барои ин тахтаҳои хоси онро аз ниҳоли дарахтон (бед) ҷамъ намуда, зери нури офтоб мехушконад, то пайвандсозии тахтаҳо, ба рангҳои мухталиф онҳоро ороиш медиҳад.

 

 

Қарантинаи маъмулии усто Аҳмадҷон: чиҳил сол боз аз гаҳвора рӯзӣ дармеёбад

 

Бар ивази ин ҳама, заҳмате, ки ин ҳунарманд ба харҷ медиҳад, то 150 сомонӣ муодили 15 доллари амрикоӣ барои сохтмони кори гаҳворасозӣ ҳақмузд мегирад ва ба ин васила ҳисоби зиндагии хонаводаашро таъмин менамояд.

Аҳмадҷон Пулотов мегуяд, барои ҳунарманд шуданд, нақши донишу саводи мактабу донишгоҳ басо муассир аст.  Ӯ гуфт, ки хатмкардаи шуъбаи нақша ва расми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ С. М. Киров) 1976 буда, аз рӯи ин ихтисос дар мактаб чанд сол омӯзгорӣ ҳам кардааст.

Аммо баъди даргузашти падараш усто Бобоҷон аз ҳамоҳанг кардани кори мактабу хона душворӣ кашида, омӯзгориро ба дуредгарӣ дар хона иваз намудааст.

Эълону эътибори ҳукумат ба ҳунармандон

Ҳукумати Тоҷикистон ахиран соли 2018- ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом кард ва ба ин дунбол ҳамаи онҳоеро, ки дар шароити хонаводагӣ ба мисли усто Аҳмадҷон ба ҳунармандӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро таъмин мекунанд аз пардохти молиёт озод намуд.

Ин ҳунарманд мегуяд эълони соли ҳунармандӣ дар Тоҷикистон эътибор ба ҳунармандон буд.

 

Қарантинаи маъмулии усто Аҳмадҷон: чиҳил сол боз аз гаҳвора рӯзӣ дармеёбад

 

“Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, нақши ҳунармандӣ бузург аст. Гузашта аз ин мо бояд ҳунару анъанаҳои миллиамонро бояд рушд дода ба ин васила ҳунари аҷдодиамонро ҳифз намоем”, - гуфт Аҳмадҷон.

Зиндагӣ аз ҳунармандӣ  

Устои гаҳворасоз мегуяд, фарзандонаш ҳама пайрави касби падарию бобоии худ буда, ҳоло аз пешаи ҳалоли дуредгарӣ рӯзии худро пайдо карда метавонанд.

 Акбарҷон нахустин писари ӯ, ҳоло устои коргоҳи дуредгари дар шаҳри Хуҷанд буда, бародари ӯ Акмалҷон ҳам минҳайси усто дар сехи мебелбарорӣ дар шаҳри Сургути Русия фаъолият мекунад.

 

Суҳроб писари сеюми ӯ ҳоло донишҷӯи Донишгоҳ буда, Амирҷон хурдтарин узви хонаводааш, ки тоза синфи 8 умро дар мактаб хатм карда ва дар замони фориғ аз машғулиятҳои мактабӣ дар канори падар истода, ба кори дуредгарӣ мурур мекунанд.

Вақте, ки мо барои суҳбат бо ин гаҳворасози моҳир ба ноҳияи Спитамен сафар кардем, Амирҷони 14 сола, аввалин гаҳвораи сохтаи худро манзури мо гузошт, ки хеле хушсохту зебо буд.

Хуруҷи бемории “вируси карона” бисёриҳоро аз роҳи кор дар бозору коргоҳҳо боздошта қарантинаи хонагиро барояшон ногузир намуд, ин ҳунарманд аз он шукр мекунад, ки бо василаи ин шуғли дуредгарӣ  дар хона, рӯзии ҳалол дарёфт карда метавонад.