ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар вилояти Туркистони Қазоқистон, дар сарҳади Ӯзбекистон, шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ ҷамъ шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони “Остона”.
Гуфта мешавад, миёни муҳоҷирон зане ҳомиладор аст, ки мегӯяд, агар ӯ фавран ба ватанаш фиристода нашавад, дар кӯча таваллуд хоҳад шуд.
"13 июн ман имкони таваллуд кардар дорам, онҳо (табибон) чунин мӯҳлатро муқаррар карданд. Таваллудхонаҳои маҳаллӣ огоҳ карданд, ки маро қабул намеунанд. Мо шунидем, ки сарҳад кушода шудааст, худи ҳозир ба ин ҷо расидем. Маълум шуд, ки маҳкам будааст. Ҳоло дар мушкилием аст. Мо кӯмак мепурсем", гуфт шаҳрванд. Тоҷикистон Ганҷина Рустамова.
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтааст, ки онҳо дар бораи ҷамъомади нави одамон дар дидбонгоҳи гумрукӣ медонанд ва ваъда додаанд, ки ҳамватанонро бо манзили муваққатӣ ва хӯрок то гирифтани иҷозат аз сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дастрас мекунанд.
Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия
Ёдовар мешавем қаблан низ дар ин минтақа беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар монда буданд. Онҳо тақрибан ду моҳ бинобар омилҳои қарантина ба Ватан баргашта натавонаистанд.
Ин ҳолат бар асари пандемия рух дод, ки кишварҳои ИДМ сарҳадҳои худро пурра бастанд.