Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон расман ба иттилои сокинони кишвар расонидааст, ки ба овозаҳои гӯё барқарор шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия бовар накунанд. Оҷонс гуфтааст, аз оғози парвозҳо расман хабар хоҳад дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.

Зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия барқарор нагардидаанд, гузориш додааст агентӣ ба АМИТ "Ховар". 

Оҷонс таъкид кардааст, ки парвозҳо на танҳо байни Тоҷикистон, балки қариб дар сар то сари кишварҳои ҷаҳон бино бар пандемияи коронавирус қатъ шудаанд.

"Дар Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 март байни Тоҷикистон ва Русия  то беҳ гардидани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст", — афзудааст манбаъ.
Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

Агентӣ овозаҳои гӯё аз сар гирифтани парвозҳоро миёни ин ду кишвар қатъиян такзиб кардааст.

"Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад", - таъкид мекунад ниҳод.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.