Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 барои якқатор соҳаҳо имтиёзҳо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 5 июни соли 2020 аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ менамояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ менамояд.

Дар фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;
  • аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;
  • аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

Ҳамчунин аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

  • фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;
  • бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
  • нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;