ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини 23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.
Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.
Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид
"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.
Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.