ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди тақрибан ду моҳи таътил аксар тоҷирони ошёнаҳои якум ва дуюми бозор корро оғоз кардаанд.
“Дирӯз беш аз шаст дарсади савдогарони ошёнаи дуюм ба кор баромаданд ва қарор аст, то чанд рӯзи дигар ҳамаи дукондорони бозор ба кори худ идома диҳанд. Ҳоло дар ошёнаи якум қариб навад дарсади савдогарон ба фурӯши меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввала ба кор шурӯъ кардаанд”, гуфт Почоев.
Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт, ба далели хуруҷи бемории “вируси корона” як моҳ қабл, аксар соҳибкорон бо пешниҳоди ариза ба унвони идораи нозироти андоз боздошти муваққатии молиёт (патент) и худро тақозо намуда, ба таътил баромада буданд.
Бино ба таъкиди Почоев, ҳоло баъди ба эътидол омадани вазъи хуруҷи ин беморӣ, соҳибкорон дубора бар асоси санади дар дастдоштаи худ метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳандозии корҳои безараргардонии саҳну атрофи ин бозор хабар дода, афзуд, ки масъулони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятии кроновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандонву фурӯшандагон гирди атрофии бозорро безарар гардонида, корҳои назоратиро ба иҷро расонидаанд.
“Панҷшанбе” и Хуҷанд аз зумраи калонтарин бозорҳои пушидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шумурда мешавад, ки дар соли 1964 бунёд шудааст. Ба таъкиди нафарони солдида, ба рӯзи панҷшанбеи ҳафта рос омадани нахустин рӯзи кори он, ба номи бозор асос гузошта ва минбаъ ин калонтарин бозори маркази вилояти Суғд “Панҷшанбебозор” номида шудааст.
Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон
Бозори мазкур аз ду ошёна иборат буда, фаъолияти он шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар айни ҳол наздики 1300 соҳибкор дар он фаъолият мекунад. Қарор аст, калонтарин бозорҳои матоъ ва либосфурӯшии Суғд аз ҷумлаи “Атуш” ва “Сомон” то нимаи моҳи июн дубора ба кори худ шурӯъ кунанд.