Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.