Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.