Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Иродаи қавӣ": пизишки ҷавони тоҷик худ ва фарзандашро аз коронавирус дар Маскав наҷот дод

Фазила мегӯяд иродаи қавӣ ва рӯҳан афтода нашудан дар пирӯз шудан бар ин маризӣ бисёр нақши муассир дорад. Некбин будан бисёр зарур аст  ва ба сиҳат шудани худ бояд боварӣ дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Фазила Файзмамадова худ пизишки гушу бинӣ буда дар яке аз муассисаҳои тиббиӣ ғайридавлатӣ дар Русия аз рӯи ихтисоси худ фаъолият мекунад. Замоне, ки маризии сироятии коронавирус ба ин кишвар расид, Фазила ҳамарӯза ба қабули беморон машғул буд. Фаъолияти муассисаи онҳо пас аз баромади кишвардори Русия Владимир Путин бобати эълони рӯзҳои ғайрикорӣ мутафаққиф шуд.

Шифоёбии беморон аз маризии коронавирус дар Маскав рӯ ба афзоиш аст

Ин пизишки тоҷик дар қатори садҳо шаҳрвандони Русия ва ҳамзамон даҳҳо муҳоҷирони корӣ гирифтори вируси COVID – 19 шуд. 

Фазила дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали гирифторшавӣ ба ин маризӣ ва то пирӯз шудан бар беморӣ қисса кард.

Маризӣ

Пизишки тоҷик мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ба ин маризӣ на дар ҷойи кори худ, балки дар манзили иқоматаш  мубтало шуд.

Ӯ ба мисли даҳҳо муҳоҷирон ҳамроҳ бо пайвандони ҳамсари худ дар минтақаи "Булвар Ракосовская"  дар хонаи иҷора мешинад.

Таъсири коронавирус ба ҳамкориҳои  Маскав, Вашингтон ва Пекин

"Яке аз пайвандони ҳамсари ман дар мағозае ба ҳайси фаррош кор мекунад ва ба фикри ман ин маризиро маҳз ӯ ба хонаводаи мо ворид кард. Тасб дошт ва аҳволаш вазнин буд. Ман ҳар бегох ба ӯ чак - чак ва сӯзандору мегузарондам. Як рӯз вақти сӯзандорӯ гузарондан нӯги сӯзан нохост ба дасти ман халид ва вазъи ман аз рӯзи баъдӣ бад шудан гирифт", - ба ёд овард Фазила аз гирифтор шудани худ ба ин маризӣ.

Ӯ мегӯяд, шояд ин вирус тавассути сӯзан ба баданаш  ворид шуд ва ҷараёни паси сар кардани маризӣ дарозу вазнин тӯл кашидаст.

"Се рӯзи аввал тасб мекардам, сулфаи хушк доштам, аммо вазнин набуд".

Фазиларо аз ҳама беш бемадорӣ ва дарди устухонҳои дасту пой азият додааст. Ҳамчунин сӯзиши қафаси сина ва пушти гарданаш низ ҳафтаҳо давом мекард.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Ӯ мегӯяд, аз рӯзи аввали гирифтор шудан ба беморӣ даррав ба табобати худ шурӯъ кард, аммо на духтур рафту на пизишконро назди худ хонд.

"Шояд гузарондани сӯзандору ва истеҳмоли доруҳои зиддӣ вирусӣ то ҳадде роҳи паҳншавии ин маризиро дар бадани ман боз дошт" - мегӯяд ӯ.

Фазила мегӯяд, аҳволи беморонро бештар хабару маълумотҳое, ки бобати ин маризӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, вазнинтару бадтар мегардонад.

“Ман пас аз тамошои як навор, ки дар он маризи вируси COVID – 19 аломатҳои бемории худ ва то пайваст шудан ба  дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нақл мекард, якбора бемадор шудам. Зеро ҳамаи аломатҳое, ки ӯ номбар мекард ман ҳам аз онҳо ранҷ мебурдам. Маро даҳшате фаро гирифт”.

Аммо ба хотири кӯдаки 7 – солаи худ, набардашро аз ҳуҷуми вируси COVID – 19 идома медод.

Супоридани ташхис

Нафастангиро Фазила дар ҳафтаи дуюм ҳис кард ва пас аз ин даррав пеши духтур шитофт.

"Аз танг шудани нафасам дар ҳарос мондам. Агар қаблан ба гирифтор будани худ ба маризии сироятии коронавирус шиква медоштам, пас аз мушкил шудани нафаскашиям боварӣ ҳосил кардам, ки дар ҳақиқат ман ҳам ба доми ин вирус афтодам".

Дар муолиҷахона (поликлиника), пизишки навбатдор аввал тасби ӯро санҷида, фаъолияти шушҳояшро гӯш кард.

Ба дархости Фазила барои гузаштан аз ташхиси компютерӣ табиб ҷавоби рад додаст. Танҳо пешниҳод намудаст, ки метавонад ташхис аз бинӣ ва гулӯи ӯро барои гирифтор будан ва ё набуданаш ба коронавирус бигарад.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Пас аз як ҳафта ба ин табиби тоҷик натиҷаи ташхисашро тариқи занги телефонӣ расонданд ва гуфтанд, ки ӯ гирифтори вируси COVID – 19 мебошад.

Власова дар бораи боз кардани сарҳади Русия: бе муҳоҷирон намешавад

Дар ин асно кӯдаки 7 – солаи ӯ низ тасб кард ва нишонаҳои бемадорӣ дар ӯ зуҳур мекарданд. Пас аз ташхиси табибон маълум гардид, ки духтарчаи ӯ низ гирифтори ин вирус аст.

"Кӯдакам хушбахтона бо сабукӣ ин бемориро паси сар кард", - мегӯяд ӯ.

Бо дақиқ шудани ташхиси ӯ аз Маркази COVID – 19 дар Маскав ҳамарӯза ба телефони Фазила занг зада, аз вазъи саломатии ӯ пурсон мешуданд.

"Ин маризӣ бо гузашти як моҳ маро ба ҳолам гузошт. Дигар хастагӣ ва сӯзиши қафаси сина ва пуштамро эҳсос намекардам. Ба хулоса омадам, ки иродаи қавӣ ва рӯҳан афтода нашудан дар пирӯз шудан бар ин маризӣ бисёр нақши муассир дорад. Некбин будан бисёр зарур аст  ва ба сиҳат шудани худ бояд боварӣ дошт".

Дар Русия ба мисли Фазила даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин маризӣ гирифтор шуданд. Хушбахтона қисмати зиёди беморон ин вирусро бо сабукӣ паси сар карданд, аммо сафи тоҷикистониёне, ки бар  асари гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон аз даст додаанд, мутаасифона кам нест.

Бар хабари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон танҳо аз санаи 19 то 30 – юми май аз Федератсияи Русия 58 тобути шаҳрвандони кишвар ба ватан интиқол дода шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муддати беш аз 1 моҳ равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баста буд. Ҷасади аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари ин маризӣ дар Русия ҷон бохтанд, имкони ба ватан мунтақил намудан мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, онҳоро дар қаламрави Русия ба хок супурданд.