Бедаракшавии Фотима, Сайёра ва Абдухолиқ: кумакхоҳии ВУД аз мардум-аксу видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се нафар, аз ҷумла ҷавондухтаронеро меҷӯяд, ки моҳи май бадарак шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, яке аз ҷавондухтарҳои бедаракшуда Фотима Ҷалилова, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода мебошад.

“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео

Фотима Ҷалилова 11 майи соли равон аз хона берун рафта, то ҳол бедарак мебошад, афзуд ВУД.

Инчунин дар шаҳри Турсунзода, Абдухолиқ Абдураҳмонов, сокини 60-солаи шаҳри мазкур бедарак шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз 28 майи соли равон то ҳол дар бораи Абдураҳмонов хабаре нест.

Тибқи иттилои ВУД, нафари бедаракшудаи дигар Сайёра Абдусаломова, соли таваллудаш 2006, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки 2 майи соли равон аз хона баромада, то ҳол аз ӯ хабаре нест.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри аксҳои афроди бедаракшуда дар гузориши видеоияш аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати доштани маълумот дар бораи онҳо тариқи рақамҳои 221 21 21, 227 98 98 хабар диҳанд.