ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Доктор Олег Стороженко, иштирокдори ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон, корманди штаби мутобиқатии назорати пандемияи КОВИД-19 дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи паҳншавии коронавирус дар Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.
Коршинос таъкид кард, ки аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон на танҳо Афғонистон, балки дигар ҷумҳуриҳо ба мушкилии коронавирус дучоранд ва ҳамарӯза дар онҳо ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад.
"Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон мо имконият доштем, ки чанд гузаргоҳро назорат кунем. Дар онҳо тамоми меъёрҳои лозима риоя мегардиданд, қавонини байналмилалии тиббиву санитарӣ санҷида шудаанд. Ин чораҷӯиҳо дар сарҳад хуб аст, аммо кофӣ нест. Бояд вазъ дар марз ва дохили кишварро доим назорат бурд", - мегӯяд коршинос.
Намояндаи СУТ афзуд, ки бояд маълумот дар бораи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дастрас бошад. Хусусан бояд аз минтақаҳои марзӣ ба монанди Помир, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ас хабардор буд.
Стороженко таъкид кард, ки дар мубориза бо коронавирус таҳлили вазъ муҳим аст: вазъи хадамоти лабараторӣ ва муассисаҳои тиббӣ бояд санҷида шаванд.
Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд