Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

Ҷасади писари 9-сола, ки ҳамроҳ бо падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба дарёи Хумбов сарозер шуда буд, пас аз ду рӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади Худоиев Умари 9-сола, ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар як садамаи нақлиётӣ дар дарёи Хумбов сарозер шуда буд, ахиран тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Ҷустуҷӯи ҷасад дар Сир: шамол заврақ бо 2 ҷавонро чаппа кард

Худоиев Умар писари Худоиев Аслншоҳ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Ванҷ будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супурданд.

Ёдрас мешавем, ки садамаи нақлиётие, ки дар он падари писар ба ҳалокат расиданд, санаи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар мавзеъи Шоҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб сурат гирифт.

Худрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

КҲФ қайд намудааст, ки ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама то ҳол маълум нест.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон худрав ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.