Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.