Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Феълан олимон дақиқ накарданд, ки чаро маризии коронавирус дар як қатор кишварҳо сабук мегузарад, аммо шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар доираи як мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон, коршинос Александр Мясников гуфт, ки коронавирус афзалияти гендерӣ, синну солӣ ва нажодиро дорад.

"Ин маризӣ дар вуҷуди занон нисбати мардон камтар хуруҷ кард. Ҳамзамон аксари кӯдакон бемориро бо сабукӣ паси сар карданд. Муайян гардидаст, ки назди 80 дарсади қурбониёнро афроамрикоиҳо ташкил додаанд", - афзудааст Мясников.

Коршинос тавзеҳ додааст, ки дар қаламрави Маскав аз ин маризӣ бештар қафқозҳо ва шаҳрвандони Осиё азият кашиданд. Эҳтимол, ин далел ба ҳузури сафедаи муайян дар таркиби хун бошад, ки хусусан ба формулаи вирус ҳассос аст.

Шифоёбии беморон аз маризии коронавирус дар Маскав рӯ ба афзоиш аст
Аммо Мясников таъкид кард, ки то ҳол олимон дақиқан муайян накардаанд, ки чаро маризии сироятии коронавирус дар як қисмат кишварҳо ба таври даҳшат мегузарад, вале дар кишварҳои дигар баръакс сабук ва бидуни талафоти бузург.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Александр Мясников мегӯяд, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин маризӣ ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи ӯ тадобирҳои дигар барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ба мисли пӯшидани дастпӯш ва ниқоб на онқадар муасир ҳастанд.