Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фонди захиравии Президент ба 5256 пизишк иловапулӣ ихтисос дод

Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, бояд саривақт ба пизишкон пардохт карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 21 майи соли 2020 ба 5256 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ иловапулӣ дода мешавад, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Роҳи тоҷикӣ: чаро Тоҷикистон қарантина накард?
Ба иттилои манбаъ, иловапулӣ бояд ба 995 нафар духтур, 1833 корманди миёнаи тиб, 1547 корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа пардохт карда шавад.

Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунанда ба кормандони соҳаи тиб ихтисос дода шуд.

Иловапулӣ аслан ба он кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарорд доранд, пардохт карда мешавад.