Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҷаласаи ситоди сайёр дар Суғд: дар Ҷаббор Расулов сироят ба вируси корона коҳиш ёфт

Дар ҷаласаи ситоди сайёри вилояти Суғд раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Ҷаласаи Ситод: Расулзода аз Вазорати тандурустӣ чӣ хост?

Дар ҷаласаи корӣ раиси ноҳия таъкид карадааст, ки аз ҷониби мақооти кишвар барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар машварати корӣ ба Раиси вилоят хабар доданд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

“Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ру ба пастрави ниҳода дар ҳолати коҳишёбӣ арзёбӣ карда шуд”, - таъкид доштааст раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад.

Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад.

Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд

“Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад”, - таъкид доштааст раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Инчунин раиси вилоят барои пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корҳоро бо ҳам бештар намоянд.

"Аз кохишёбии сироятёби бемори форигболи накрда корхои ташвикоти дар бозору магоза таквият дода шавад. Зеро пастшавии сироятёби холо пурра бартараф ёбии бемори нест. Сокинонро зарур аст пеш аз ҳама аҳли оилаи худ ва ҷомеаро аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 эҳтиёт намоянд. Аз ҳар гуна ҷамъомадҳо ва барпо кардани маракаҳои хонаводагӣ худдори намоянд”, -гуфт Аҳмадзода.

Ҳамзамон дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти картошка, мувофиқи агротехникаи парвариши пахта, ба роҳ мондани нашъу намои пахта ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳи обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.