ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар протоколи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти рақами 2к/49-25 аз 29 май, ки аз сӯи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин ситод имзо шудааст, ба вазорату идораҳои ҳукуматӣ супориш дода шудааст, то “ҷиҳати баргаштан ба тартиби муқаррарӣ” тадобиреро рӯйи даст гиранд.
Дасти кам дар се ниҳоди ҳукуматӣ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки сар аз имрӯз душанбе, 1 июн, бо дастури раҳбарият сари кор ҳозир шудаанд.
“Тафсири дастури расмии Ситод ба мо шифоҳӣ фахмонида шуд. Аз рӯи он корхонаҳои давлатӣ ба таври зина ба зина ба реҷаи қаблии кор дар зарфи ду ҳафтаи оянда бояд баргарданд. Онҳое ҳам, ки имкон надоранд ва синнашон аз 50 боло аст, ин интихобро доранд, ки рухсатии меҳнатӣ гиранд”, - гуфтанд ҳамсӯҳбатони мо.
Дар ҳамин ҳол, кормандони ду бонки дигар низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки аз 1 июн ба кор баромаданд, аммо аз вуҷуди ягон ҳуҷҷати расмӣ изҳори бехабарӣ карданд.
“Як моҳи қабл пас аз эълони аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар Тоҷикистон ба мо гуфта буданд, ки аз хона кор кунем. Рӯзи ҷумъа ба мо хабар доданд, ки аз рӯзи душанбе ба кор бароем”, - гуфтанд ҳамсӯҳбатони мо.
Ситоди ҷумҳурияии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти “вируси корона” – и навъи COVID-19 расман кори ниҳодҳои ҳукуматиро таътил накардааст, аммо аввал то 10, сипас то 31 май ва ҳоло то 15 июн дар шаҳру навоҳии кишвар кори мактабҳои миёнаву олӣ, марокизи хизматрасонӣ, бозорҳои колофурӯшӣ ва ғайраро таътил карда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 512 ҳазор нафар, аз ҷумла 30% - и хизматчиёни давлатӣ (2 253 нафар), амалан қарантина шудаанд.
Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд
Дар Тоҷикистон дар ин як моҳи ахир ниҳодҳои қудратӣ пурра ва ниҳодҳои мулкӣ қисман кор мекарданд, Рухсат кардани коргарон барои дар хона мондан ба салоҳдиди раҳбарони вазорату идораҳо рабт дошт.