Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Агентии тандурустӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) мегӯяд, мавҷи дуюми COVID - 19 дар баробари зуком дар тирамоҳ пайдо мешавад ва ҷиддитар идома хоҳад ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова зимни як барнома дар шабакаи "Россия - 1" аз бурузи мавҷи дуюми коронавирус ва зуком хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ тирамоҳи имсол мавҷи дуюми ин маризӣ бо омезиши ҳаргуна маризиҳои роҳи нафас ва ҳамзамон зуком шадидтар ҷараён мегирад.

"Ба фикри мо, яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ ин аст, ки мавҷи дуюми коронавирус дар тирамоҳ, вақте ки сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ меафзояд, рух медиҳад. Эҳтимол дорад, ки коронавирус дар тирамоҳ зиёд мешавад ва ин моро ба ташвиш меорад", - афзудааст Попова.

Ӯ мегӯяд, "маҳз эҳтимолияти  шадидтар шудани вазъият моро водор мекунад, то зудтар ба истеҳсоли ваксин муваффақ шавем".

Афзоиши гирифторони коронавирус дар ҷаҳон: аз 6 миллион гузашт

“Далелҳое мавҷуданд, ки ҳарду вирус, яъне COVID - 19 ва зуком ба якборагӣ дар як бемор пайдо шаванд. Ин як вазъияти хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мо аллакай дар фикри он ҳастем, ки чӣ гуна шаҳрвандонамонро дар тирамоҳ ҳимоя кунем".

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Зимнан, Попова дар посух ба суоли он ки оё ваксин инсонро аз сироятшавӣ ба COVID- 19 комилан эъмин нигоҳ медорад, чунин посух дод, ки ваксин хатари ҷараёни вазнинро, ки мо дар тирамоҳ интизор ҳастем, ба таври назаррас коҳиш медиҳад.