Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ноболиғи 11-сола дар дарёи Сурхоб хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба гузориши КҲФ ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии 29 май дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд.

Марги кӯдаки 3-сола ва захмӣ шудани навраси дигар дар Мурғоб: зери девор монданд

Ин ниҳод мегӯяд, баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода нақл мекунад, ки ҳодиса шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ду ғарқшавӣ дар Кофарниҳону Сурхоб: яке худро партофтаву дигаре моҳидорӣ рафтааст

"Боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард. Сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надод. Танҳо дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд