Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъи вазнини Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан

Қурбон Тӯраев, собиқ раиси Истаравшан ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон низ вахим арзёбӣ мешавад. Субҳи имрӯз бародари ӯ, сиёсатмадори маъруф Сайфиддин Тӯраев даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.Султон Тӯраев, директори ширкати "Хуросони Истаравшан", узви дигари хонадони маъруфи Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш низ рӯзҳои ахир ба вахомат гароид.

"Ҳоло он кас таҳти табобати пизишкон ҳастанд. Тасфашон баланд аст. Аз Худованд умедворем, ки ба он кас шифо диҳад", - гуфт Султон Тӯраев.

Қурбон Тӯраев соли 1943 дар маҳаллаи Гузари Боғи шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд аст.

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

Ӯ солҳо раиси Кумитаи Ҳизби Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ (1976 – 1987), Мастчоҳ (1987 – 1989) ва шаҳри Ӯротеппа (1990 – 1992) буд.

Пас аз соли 1992 дар симати вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1990 узви Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда, яке аз чеҳраҳои муассири сиёсатҳои ин айёми таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешуд.

Қурбон Тӯраев яке аз иштирокдорони иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ӯ Кумитаи муросои иборат аз 40 намояндаи мардумро, ки бояд як ваҳдати миллиро ба вуҷуд меовард, раҳбарӣ мекард. Дар ин иҷлосия президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ, амалан раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд.

Аммо шояд мондагортарин кори таърихии ӯ ва бародараш Сайфиддин Тӯраев ин буда, ки дар хунсо кардани тарҳи ҷудосозии вилояти собиқ Ленинобод аз Тоҷикистон ва ба Ӯзбекистон ҳамроҳ кардани он ширкати фаъол дошта, дар ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон саҳм доштааст.

Яке аз шоҳидони он рӯзҳо, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 1993 дар Душанбе бояд сессияи Шӯрои олӣ таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, ки ба далели ширкат накардани вакилони вилояти собиқ Ленинобод ва ҳосил нашудани кворум лағв гардид.

"Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вақти вилоят дар шаҳри Хуҷанд дар ин миёни иҷлосияи вакилони халқи вилоятро даъват карда, масъалаи ҷудо кардани вилоят ва ба ҳайати Ӯзбекистон ворид намудани онро ба миён гузошт. Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, ки худ узви Шӯрои Олӣ буданд, ин ҷаласаро ба иғтишош кашида, Ҳомидовро аз толор ронданд. Сипас вакилони халқро аз хонаҳояшон ҷамъ оварда, бо чархболе, ки дар Дашти Қизилии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) аз Душанбе омада буд, онҳоро ба пойтахт интиқол доданд", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сайфиддин Тӯраев, бародари Қурбон Тӯраев, субҳи имрӯз, 30 май, бар асари маризии дил олами фониро тарк кард.