Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

Тибқи нақшае, ки онро раисҷумҳур ба тасвиб расонидааст, то 1 сентябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон беморхонаҳои сироятӣ бунёд мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар робита бо муборизаи коронавирус дар Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд.

Шифои академик Фелалиев, собиқ ноиби раиси парлумони Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Дар ин бора оҷонсии иттилооти давлатии "Ховар" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз 20 май ҳангоми боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин супориш додааст.

Мувофиқи он, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президент 20 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.

"То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд", - омадааст дар яке аз бандҳои нақшаи мазкур.
Эълони Вазорат: касе нафавтид, 123 нафари дигар гирифтори коронавирус шуданд

Тибқи ҳамин нақша, вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои вилояту шаҳру навоҳиҳо то 15 июн бояд беморхонаҳои муваққатӣ ташкил кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон
То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.