Омори нави ошкоршавӣ, табобат ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то имрӯз, 30 майи соли равон дар мамлакат 2076 нафар зери назорати табибон қарор доранд.

Бино бар иттилои  манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 375 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешавад: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат
Ҳамзамон, то соати 17:40 дақиқаи 30 май дар кишвар 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1865 нафар шифо ёфтаанд.

"Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд", - омадааст дар иттиои манбаъ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд,афзудааст вазорат.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст