ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 90 шаҳрванди кишвар тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз қабл низ 45 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҳиндустон омада буданд, ки дар натиҷаи бекор кардани парвозҳо бинобар пандемияи коронавирус ба ватан омадан наметавонистанд.
Ҳамзамон тариқи ин парвоз кӯмаки башардӯстонаи Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон расид.
Қаблан сафорат гуфта буд, ки 45 нафари аввала ба ватан овардашуда донишҷӯёнеанд, ки дар барномаҳои ITEC ва ICCR бо маблағгузории ҳукумати Ҳиндустон курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд.
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.
Бидуни фавт: суръати афзоиши сироётшавӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон сусттар шуд
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.
Тибқи омор аз 21 май, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар ҷаҳон ба 5,9 миллион нафар расид, беш аз 357 ҳазор нафар ҳалок шуда ва ӣеш аз 2,5 миллион наҷот ёфтанд.