Расулзода бо ҳамтоёнаш оқибатҳои буҳронро баррасӣ кард

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, 28 май дар машварати сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони “Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда” суханронӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Чорабинии мазкур бо ибтикори дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда  шуд, хабар додааст “Ховар”.

Сипоси муфтии Маскав аз Расул Боқиев барои кумакҳояш ба муҳоҷирин ва камбизоатону маъбон

Манбаъ афзуд, ки дар машварат, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Фаронса, Ҷопон, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ  ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат  варзиданд.

“Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзещ дод, ки машварат дар се бахш гузаронида шуда, қарору тасмимҳои вобаста ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.