ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия интиқол доданд.
Ҳамчунин чанде пеш, боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.
То имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст.
Мақомоти Хатлон таъкид доштааст, ки имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд.
То 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст.
“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Русия ва Қирғизистон содирот шудааст.