Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонаш боз мондааст?

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Сӯҳбат аз қурбониёну таъмини силоҳ: Эмомалӣ Раҳмон марзбонони тоҷикро шодбош гуфт

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд
Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.