Даъвои ВУД аз тарабхонаву чойхонаҳои пойтахт: қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд

Гурӯҳҳои сайёри Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ошхонаву тарабхона, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, дукону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умум ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон амалиётҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ роҳандозӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни гузаронидани корҳои назоратии аз ҷониби милитсияи пойтахт маълум гашт, ки дар аксарият ошхонаву тарабхонаҳо ин қоидаҳо ба куллӣ риоя намешаванд.

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар тарабхонаи “Мерве”, ки филиали он яке дар кӯчаи “Дӯстии халқҳо” ва дигаре дар хиёбони “Рӯдакӣ” мавҷуд аст, ҳангоми назорати оперативӣ маълум гашт, ки бо воридщавии мизоҷон ба тарабхона ҳарорати онҳо санҷида намешаваду дастҳояшон низ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар намегардад.

“Доир ба иҷро нагардидани ин ҳолатҳо аз кормандон пурсон шудем, вале ҳар гуна баҳона меҷустанду ҷавоби аниқ надоданд. Ҳамчунин баъзе аз пешхизматон бе ниқобу дастпӯшак фаъолият мекарданд”, - қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин ВУд зикр кардааст, ки ҳолати аз ин бадтараш дар ошхонаи “Шифо” воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шохмансур ошкор гашт.

“Дар ин ошхона набудани ҳароратсанҷ, бе дастпӯшаку ниқоб кор кардани хизматгорон ва ифлос будани зарфҳои истифодабаранда ҳолати нигаронкунанда мебошад”, - афзуд ВУД.

Ҳамчунин ВУД таъкид доштааст, ки дар чойхонаи “Яхмос” воқеъ дар кӯчаи “Дӯстии халқҳо” ва сихкабоби “Тахтача” дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шохмансур, ошхонаи “Фарел Хаус” ва ошхонаи “Озода” дар кӯчаи Лоиқ Шералии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи “Сафо” дар кӯчаи Носири Хусрав ва чанди дигаре маконҳои хӯроки умум одитарин қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситоди ҷумҳуривӣ пешбинишударо риоя намакунанд.

Ҳамзамон ВУД қайд кардааст, ки гарчанде дар баъзе ин ошхонаву тарабхонаҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ вуҷуд дошт, вале мутаассифона чун намоиш дар гӯшае монда шуда, умуман истимфода бурда намешуданд.

Манбаъ зикр кард, ки зимни ошкор кардани ҳолатҳои ғайристандартӣ дар ин маконҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъуин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳи Душанбе вобаста ба ҳолати мазкур аз кулли шаҳрвандон махсусан соҳибмулкони ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву дигар маконҳои хӯроки умум даъват кард,  қоидаҳои санитариро риоя намоянд ва беаҳмиятиро дур сохта, солимии худ ва аҳли ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.