Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ба беморони КОВИД-19 тақсим мекунанд: ба беморхонаи "Истиқлол" доруворӣ дастрас шуд

Ҳоло дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" тамоми маводи тиббии зарурӣ захира шуда, ба беморон тақсим карда мешаванд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Имрӯз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин намудани беморон бо маводи тиббӣ, пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси  нави COVID-19 ба Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" маводи тиббӣ дастрас намудаст.

Таъкиди Раҳмон аз паҳншавии коронавирус: қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Мавод ва таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои алоҳида ба Тоҷикистон ворид мегарданд, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат  дастрас карда мешаванд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, феълан дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" тамоми  маводи тиббии зарурӣ захира шуда, ба беморон тақсим карда мешаванд.

То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.