Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба итттилои сомонаи расмии Кумита, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш намудааст, давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

Кумита ба сокинон ҳамчунин тавсия додааст, ки  ҳавои хонаро муътадил нигоҳ доранд,  аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунанд, либосҳои тунуку сабук пӯшанд, дар сар кулоҳ дошта бошанд, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар.

“Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед”,-гуфтааст кумита.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.