Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Интиқоли як тобут ва 22 тоҷики депортшуда аз Русия ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз шаҳри Красноярски Русия 22 муҳоҷири тоҷик, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Ҳавопаймои "Уралский авиалиния" шоми 26 май 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба ватанро интиқол дод.

Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ дар Красноярск қарор доштанд.

Манбаъ меафзояд, бо парвози мазкур ҳамчунин ҷасади як нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ ба Душанбе оварда шуд.

Русия 500 шаҳрванди хориҷиро депорт мекунад

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти он кишвар ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Минбаъд, тибқи ҷадвали пешакӣ, 29 май парвози № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав сурат мегирад. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба Русия парвоз мекунад.

Ғайр аз ин, 30 май соати 19:00, парвози № SVR8880 самти Душанбе - Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.