Даргузашти профессор Саидмир Шомансуров дар синни 69-солагӣ

Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аз даргузашти профессор Саидмир Шомансуров дар синни 69-солагӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Рӯзи 26-уми май дили яке аз олимони маъруфи соҳаи биология, доктори илмҳои биологӣ, профессор Саидмир Шомансуров аз тапидан монд, хабар додаст сомонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ. Иллати даргузашти Шомансуров зикр нашудааст.

Тӯраҷонзода дар бораи фавтидагон ва маризони “вируси корона”

Ба иттилои манбаъ, Шомансуров Саидмир соли 1951 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудаст. Ӯ баъди хатми факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, аз соли 1975  фаъолияти илмиашро  дар Институти биологии Помири Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон оғоз кардааст.

Дар соли 1982 рисолаи номзадӣ ва дар соли 1995 рисолаи докториро  дар Шӯрои диссертатсионии Институти физиологияи растаниҳои  ба номи К.А Тимирязеви шаҳри Маскав бомуваффакият дифоъ намуд.

“Дар солҳои 2009-2010 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмии Институти  биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, солҳои 2007-2009 сардори бахши растанипарварии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ш. Хоруғ, солҳои 2010-2016 директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва аз соли 2016 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи картошкапарварию сабзавоткории Стансияи номбурда адои вазифа намуданд”, - омадааст дар ҳолнома. 

Манбаъ таъкид кардааст, ки Шомансуров аз соли 1995 то охири умраш  ҳамчун профессори кафедраи Биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев адои вазифа намудаст.