Боздошти зане, ки бо як зарби корд шавҳарашро захмӣ кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавонзани 19 сола дар вилояти Суғд хабар медиҳад, шавҳарашро бо як зарби корд захми кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе зани 38-сола шавҳарашро ҳафт корд зада кушт

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 19-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии ҳамзисташ ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Исфара қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида задааст.

Аммо вазорат шарҳ надодааст, ки ҷавонзан шавҳарашро дар пайи  чи баҳс  захмӣ кардааст.

Манба мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.