ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Аз сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, имрӯз ҳавопаймо 45 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Деҳлӣ бо парвози чартерӣ ба ватан интиқол хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ, тоҷиконе, ки бар асари пандемияи коронавирус дар кишвар азият мекашанд, аз Деҳлӣ ба Душанбе парвоз мекунанд. Парвози махсус имрӯз ба соати 17:00 ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.
Манбаъ мегӯяд,ба ватан танҳо он донишҷӯёне оварда мешаванд, ки дар барномаҳои ITEC ва ICCR бо маблағгузории ҳукумати Ҳиндустон курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд.
Гуфта мешавад, 28 май, ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон, шаҳрвандони Ҳиндустон бо ҳамон тайёра ба ватанашон бармегарданд.
Ёдрас мешавем, чанде қабл маълум шуд, ки Сомон Эйр шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Дубай дармонда буданд, 29 май бо парвози махсус ба Душанбе интиқол медиҳад.
Дуввум парвози махсуси аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои Fly Dubai 31 май сурат мегирад.