ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2019, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Дигарбора дастгир шудани Дамонов барои қаллобӣ ҳангоми додани замин

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.