Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Парвози махсуси ҳавопаймои ширкати русӣ: 162 муҳоҷир ба Ватан баргашт

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” 162 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баргардонида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 162 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

Парвози махсус: 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Ватан баргашт

 Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳавопаймо инчунин ду ҷасади муҳоҷири тоҷик барои хоксупорӣ баТоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки аз ин кишвар дар марҳилаи аввал шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.