Молекулаи зидди уфунӣ: Олимҷон Юсупов роҳи "куштан"-и коронавирусро ёфт

Ихтироъкори номии ӯзбек таҷҳизотеро сохтааст, ки коронавирус, микробҳо ва бактерияҳои ҳаво ва болои ашёҳоро безарар мегардонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ихтироъкори номии ӯзбек Олимҷон Юсупов таҷҳизотеро барои безараргардонии коронавирус ва дигар уфунатҳои дохили бино ихтироъ кардааст, гузориш медиҳанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

 Юсупов "генератори молекулаҳо"-ро барои безарар гардонидани ҳамагуна бактерия, микроб ва вирусҳо истифода мебурдааст, ки худ сохтааст.

Ин таҷҳизоти олими ӯзбек на танҳо коронавирус, балки микроорганизмҳои сироятиро нобуд сохта, барои саломатӣ бехатар аст.

Дар Ӯзбекистон нақша доранд, ки рӯзҳои наздик ин таҷҳизотро дар истеҳсолот татбиқ намоянд.

"Асосӣ ин технологияи замонавӣ дар молекулаҳост. Онҳо вирус ва бактерияҳоро дар ҳаво ва дохили бино ё дар ҳудуди муайян ва ё дар ашё ва дохили онҳо, ҳатто бадани одамон безарар мегардонанд", - мегӯяд Олимҷон.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи муаллифи таҷҳизот, ин молекулаҳо қодиранд, ки вируси дохили роҳҳои нафаскаширо ҳам безарар гардонанд.

Асосаш таҷҳизот тезкор аст. Он бинои андозааш 30 метри квадратиро дар 15 дақиқа дезинфексия мекунад.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

Олимҷон Юсупов бо ихтирооти кардааш дар Ӯзбекистон машҳур аст. Пештар ӯ технологияи борони сунъиро ихтироъ карда, гуфта буд, мақсадаш барқарор кардани баҳри Арал аст.

Лоиҳаҳояшро Академияи улуми Ӯзбекистон тасдиқ кардааст.