Қаллоби доғи судӣ дошта боз ба даст афтод: 7 ҳазор доллар гирифту ғайб зад

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони пулис дар ноҳияи Мастчоҳ нафареро дастгир намуданд, ки ба гумони даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Дигарбора дастгир шудани Дамонов барои қаллобӣ ҳангоми додани замин
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56 - солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

"Номбурда, санаи 1-уми майи соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 68 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор, даромада, аз ӯ 7 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.