Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Паём аз "вируси корона": як бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз "илтиҳоби шуш" холӣ шуд

Ба ҳолати 25 - уми май яке аз ду бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар аз сироятёфтагони “илтиҳоби шуш” ё бемории “вируси корона” холи шуд
Sputnik

Душанбе, 25 май – Sputnik. Муродҷон Ҷураев, сартабиби ноҳияи бо исми Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-уми май гурӯҳи 11 нафараи беморон аз бемористони № 2 воқеъ дар ҷаомати Ёва и ноҳия мураххас рухсат шуданд ва ба ин ҳол, ин яке аз бемористонҳои лозим барои табобати гирифторони "илтиҳоби шуш" холӣ мондааст.

"Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ду беморхона яке дар ҷамоати Ёва барои беш аз 40 рахти хоб ва дуюми дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов дорои 100 кати беморӣ, барои муолиҷаи беморони “илтиҳоби шуш” омода карда шудаанд. Рӯзи 23 уми май 11 нафар аз бемористони ҷамоати Ёва ба манзилҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло дар он ягон гирифтори “илтиҳоби шуш” боқӣ намондааст", - гуфт сартабиб.
Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Бино ба иттилоъи Ҷураев, то рӯзи 23 уми май дар бемористонии № 2 и ҷамоати Ёва, беш аз 200 нафар аз шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи манобеи наздик ба Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 то ин замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 600 мавриди “илтиҳоби шуш” сапт шуда, бештар аз 550 нафар аз бемористонҳои ҷамоатҳои Ёва ва Ҳайдар Усмонов шифо ёфта, кам ё беш аз 5 нафар аз теъдоди шумори беморон фавтидаанд. Ҳоло ҳудуди 27 нафар дар бемористони воқеъ дар ҷаомати Ҳайдар Усмонов таҳти тадовии духтурон қарор доранд.

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ феълан аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дилбар Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зарфи ду се рӯзи охир ҳолатҳои гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” коҳиш ёфта ва ба ин далел ҳоло зарурати бистарӣ кардани беморон дар бемористони № 2 дар ҷамоати ноҳия боқӣ намондааст.

"Ин бемористон дар авҷи хуруҷ маризӣ, барои табобати маризии “вируси корона” тайёр карда шуд. Ҳоло, ки шиддати ин беморӣ поён шудааст, рӯзҳои наздик ин беморхона ба мисли пештара ба фаъолияти маъмулӣ баргардонида мешавад", - гуфт Турсунзода.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, ҳоло аз аввалин ноҳияҳое дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба гуфтаи масъулин бемористонаш аз тоза шудани гирифторони “вируси корона” муваффақ шудааст.

Чанде пеш ҳам баъзе дигар аз шаҳру навоҳии кишвар аз коҳишёбии гирифторони “илтиҳоби шуш” дар бемористонҳо хабар доданд. Аммо масъулин ва табибон таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

Табибон мегуянд, барои пурра нобуд шудани “вируси корона” нақши сокинон ҳам муҳим аст ва ин корро бо риояи гигенаи тиббӣ, ҳар яке метавонад ба иҷро расонад.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

"Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст", - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки имрӯз 25 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3100 нафар баробар шуда, то кунун 1395 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 46 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.