Дидору мулоқоти вазири тандурустӣ бо пизишкони чинӣ

Табибони чинӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва самимона сипосгузорӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз бо табибони чинӣ, ки ба Тоҷикистон омаданд, мулоқот кард.

Бо даъвати Рустам: груруҳи табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд

Абдуллозода  гуфт, ташрифи мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамзамон кӯмакҳои аз ҷониби ин кишвар ба Тоҷикистон воридшударо самараи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

“Қайд гардид, ки ҳадаф ва мақсад аз ташрифи мутахассисони варзидаи соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад”,-афзудааст Взорат.

Ва табибони чинӣ дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва самимона ташаккур гуфтанд.

Ёдовар мешавем, гуруҳи 14 нафараи табибон, аз ҷумла вирусологҳои чинӣ аз музофоти Шэнсии Чин бо парвози чартерии махсус ба Душанбе омаданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, пизишкони чинӣ бо даъвати Рустами Эмомалӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷониби Чин дар баробари табибон, дар маҷмуъ, ба маблағи беш аз 700 ҳазор доллар кумак ирсол кардааст.

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл, гуруҳи 8 нафараи табибони ӯзбеки баъди 13 рӯзи кумак ба ҳамтоёни тоҷикашон баргаштанд. Ҳамчунин ҳоло чор нафари дигар аз табибони ҳамсоякишвар дар вилояти Суғд қарор доранд.

Бар пояи оморҳои ахир, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 2929 нафар мерасад. Аз ин беморӣ 46 тан ҳалок шудаанд.