Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" ба қабули маризони COVID - 19 омода аст

Дар варзишгоҳи "Бофанда" - и шаҳри Душанбе Дармонгоҳи сайёр ҳамакнун комилан сохта шуда, барои қабули маризони коронавирус омода аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дармонгоҳи сайёр воқеъ дар варзишгоҳи "Бофанда" дар масоҳати 2 гектар сохта шуда, ба қабули маризон омода аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти сардухтури беморхонаи муваққатӣ Маҳмадулло Қосимов.

Ба изҳори сардухтур, дар беморхонаи мазкур 144 контейнерҳои махсуси тиббӣ ҷой дода шудааст, ки дорои  984 кати хоб мебошад.

"Ҳар як контейнерҳои махсуси тиббӣ 20 ва 40-фута буда, контейнерҳои истиқоматии 20-фута 106 адад, дорои 848 кат ва контейнерҳои 40-фута 34 адад, дорои 136 кати хоб  мебошанд. Дар ҳар контейнер аз 4 то 8 кати хоб мавҷуд мебошанд. Ду контейнери дигар барои анбор ва нуқтаи тиббӣ пешбинӣ шудаанд",- гуфт Маҳмадулло Қосимов.

Бино ба ибрози номбурда, ҳар контейнер мисли  ҳуҷраи хурд буда, дар он барои табобат ва зист шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дохили ҳар контейнер  бо рахти хоб, телевизор, мизу курсӣ, кондисионер, обгармкунаки барқӣ (термекс), ташноб, дастшӯяк ва кабинаи душ таҷҳизонида шудааст.

Дар зудтарин фурсат: рафти сохтмони дармонгоҳи сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" - акс

Ҳамчунин тамоми  доруворӣ, маводи тиббии муҳофизатӣ ва дигар лавозимоте, ки барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат заруранд, пурра таъмин карда шудааст.

"Корҳои пайвасткунӣ дар самти барқ ва об пурра ба итмом расонида шуда, ҷойи партовгоҳ ва ҷомашӯӣ низ омода мебошад", - илова намуд Қосимов.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо назардошти вазъи мавҷуда раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дода буд, ки  ба таври илова чанд беморхонаи  муваққатӣ барои зиёда аз 3000 кат  ҷиҳати табобати  гирифторони  COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити муосир, алалхусус бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ташкил карда шаванд.