Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

Шабонарӯзи охир дар Афғонистон 591 ҳолати нави сироят ёфтани коронвирус ба қайд гирифта шуда, як нафар аз ин беморӣ ҷон додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Дар Афғонистон, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад Tolo News.

Даргузашти 14 нафар дар Ваҳдат ва вазъи аз "корона" вазнинтари муҳоҷирини афғонистонӣ

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, давоми 24 соати охир дар ҷумҳурӣ 591 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии мубталоён ба ин беморӣ ба 11 582 нафар расид.

 Гузашта аз ин, дар давоми як рӯзи охир танҳо як нафар фавтида ва 22 нафар беморон табобат ёфтанд.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввал авҷи сирояти коронавирус ба Эрон расида, сипас ба Афғонистон ҳамсояи он интиқол ёфт.

Аввалин гирифтори беморӣ дар ин кишвар танҳо дар вилояти Ҳирот, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, пайдо шуда буд.

Пас аз чанде, дар Вазорати Тандурустии Афғонистон пешгӯӣ карда шуд, ки тибқи он 80% аҳолии ин кишвар коронавирусро аз сар мегузаронад.