Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шифо ёфтани 105 ҳазор мубталои коронавирус дар Эрон

Мақомоти Эрон ҳамчунин аз фавти 58 бемори коронавирус дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар додаанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 105 ҳазору 801 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз вируси корона ба 7359 нафар расид
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бороаи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон гузориш додааст.

Ба қавли ӯ, дар 24 соати гузашта 2180 бемори ҷадид ошкор шуданд.

"Аз байни мубталоёни ҷадид, 364 маврид бистарӣ ва 1816 маврид сарпоӣ ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 135 701 нафар расид", - афзудааст Киёнуши Ҷаҳонпур.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ӯ ҳамчунин аз фавти 58 бемор дар як шабонарӯз хабар додааст. Шумораи умумии ҳалокатёфтагон7 417 нафарро ташкил медиҳад.